«Труд-2018» кори хоҷагидоронро осон мегардонад

Муҳаммадамин Калонов, як ихтироъкори навраси шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти хоҷагиеро бо ном «Труд-2018» сохтааст. Тариқи ин олоти меҳнат, ки ҷӯяккашак ҳам ном мебаранд кори деҳқононро осонтар кардан мумкин аст. Навовари наврас гуфт, ҳоло дар бозорҳо ба мисли олоти кишоварзии ихтироъ кардааш ба фурӯш гузошта нашудааст ва ин намуна барои хоҷагидорон аст. Дар озмуни «Техникони наврас», ки 230 нафар ихтироъкорони навраси мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд даҳҳо навоварии наврасон муаррифӣ шуд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий