Тоҷирони ӯзбек дар Хуҷанд бозори «номуташаккил» ташкил кардаанд

Тоҷирони ӯзбек дар регистони Панҷшанбеи Хуҷанд бозори ба гуфти масъулин «номуташаккил»-ро ташкил кардаанд. Давоми тахмин ду ҳафтаи охир даҳҳо нафар тоҷирони водии Фарғонаи Ӯзбекистон дар назди бозори Панҷшанбе молу маҳсулоти нисбатан арзонро ба фурӯш мегузоранд ва таваҷҷӯҳи аксар харидоронро низ ҷалб карданд. Масъулини бозори Панҷшанбе дар сӯҳбат ба СМ-1 гуфтанд, ки тоҷирони ӯзбек дар регистон, ки як роҳрав ҳисоб мешавад ва ба ин бозор ягон дахл надорад бозори «номуташаккил»-ро ташкил кардаанд. Қаблан регистони Панҷшанберо мақомот аз фурӯши молу маҳсулотҳои соҳибкорони тоҷик, ки бино ба гуфти онҳо «симои шаҳрро коста месохт» тоза карда буданд. Ҳамакнун ин ҷо як макони тиҷорати молу маҳсулоти ӯзбекиро мемонад, ки сокинони Хуҷанд мегӯянд онҳо аз ин хело шоданд. Зеро, ки молу маҳсулоти назар ба дохили бозори Панҷшанбе арзони ӯзбекиро аз инҷо харидорӣ карда истодаанд.
Абдуғани Почоев, раиси ташкилоти ҷамъияти соҳибкорони бозори Панҷшанбе гуфт ҳоло шумори соҳибкорони ӯзбек хело каманд ва дар сурати зиёд шудан аз дохили Панҷшанбе ва ё атрофи он ба онҳо ҷой барои фурӯши молу маҳсулот ҷудо карда шавад. Ӯ мегӯяд, эҳтимол тоҷирони ӯзбек, ки асосан бо фурӯши матоъ ва либос машғуланд аз бозори «20-солагии Истиқлолият» ба онҳо ҷойи фурӯш ҷудо карда шавад.

Поделиться в:

Похожие записи

2 Комментария для “Тоҷирони ӯзбек дар Хуҷанд бозори «номуташаккил» ташкил кардаанд

  1. Anvar Ашуров, thanks! And thanks for sharing your great posts every week!

Оставить комментарий