«То соли 2020 роҳи «Ашт-Хуҷанд» пурра таъмир мешавад.»

Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт дар мулоқоте бо ҷавонони ин ноҳия дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки то соли 2020 роҳи «Ашт-Хуҷанд» рӯи таъмирро мебинад. Ӯ гуфт ба анҷоми корҳои таъмири ҷорӣ умед дорад. «Мо умед дорем, ки солҳои наздик ин кор мешавад.  Имсол бо дастгирии раиси вилояти Суғд 1 миллион сомонӣ барои таъмири ҷории роҳи автомобилгарди «Ашт-Хуҷанд» ҷудо шуда  таъмир идома дорад. То соли 2020 ба пуррагӣ таъмири ҷорӣ анҷом меёбад, ин корҳо идома дорад ва мешавад.» Роҳи «Ашт-Хуҷанд» то маркази ноҳия шаҳраки Шайдон тахмин 120 километр ва то дигар ҷамоатҳои дурасташ 150 километр аст. Инчунин Зариф Мирдадо ҳангому мулоқот бо донишҷӯёни ноҳияи Ашт, ки дар донишгоҳҳои олии Суғд таҳсил мекунанд барои ҳалли чанде аз пешниҳоди ҷавонон ба масъулин дастур дод.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий