Таърих

Аз сахифахои таърихи СМ-1
СМ-1, (Симои мустақили аввал) 16 апрели соли 1998 аввалин маротиба намоишҳои худро аз мавчи 22 ДМВ пешкаши тамошобинон намуда буд.

Ташаббуси таъсиси ин шабакаи телевизионӣ аз ҷониби як зумра шахсони соҳибфарҳангу маърифатпарвар, аз ҷумла бо роҳбарии олими варзида, устоди кафедраи макроиқтисодиёти Донишгоҳи давлатии идоракунии Москва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрор Алиҷонович Ӯрунов пеш омадааст. Азбаски нияти нек буд, кори эҷодӣ пеш рафт. Дар СМ-1 ҳайати эҷодии боғайрат ва ташаббускор ҷамъ шуда, ҳама кӯшишу малака ва ҳунари худро барои муаррифии телевизиони нав бахшида буданд.

Лаҳзаҳое, ки СМ-1 бунёд меёфт...

Лаҳзаҳое, ки СМ-1 бунёд меёфт...
Лаҳзаҳое, ки СМ-1 бунёд меёфт...

 

Соли аввали фаъолият душвор буд, вале кӯшиш ва иродаи кормандон сабаби пешравии кор шуд. Комёбиҳо зиёд буданд. Бахши рекломи СМ-1 бозори истеҳсоли рекломи маҳсулоти худиро дар доираи ВАО-и электронии маҳаллӣ ба вуҷуд овард. Солҳои аввал танҳо рекломи ресторану фотосалонҳо намоиш дода мешуд. Имрӯз бошад доираи фаъолияти шӯъбаи истеҳсол ва фурӯши ширкат густурда аст. СМ-1 ҳамчунин тарбиятгари эҷодкорони зиёд аст.

Имрӯзҳо собиқ кормандони СМ-1 дар гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти эҷодӣ доранд (Акбар Зоҳидов дар шабакаи Россия, Насим Раҳимов дар шабакаи аввали Тоҷикистон, Андрей Столбецов дар Москва оҷонсии рекламавии худро дорад, Анна Клюева дар Екатеринбург, Елена Зеликович ва Акмал Мансуров дар радиои Азия плюс, Раъно Бобоҷонова- устоди ДДХ, Саидумрон Саидов – директори «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд, Маҳмудҷон Дадобоев –сармуҳаррири газетаи «Суғд». Дар СМ-1 бошад, ҳайати нави эҷодӣ бо роҳбарии директори генералӣ Азизов Акрамхӯҷа ва сармуҳаррири он Илҳом Ҳошимов фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.