Ризқи ҳалол ёфтан дар ислом чӣ гуна тафсир дода шудааст?

Паёмбар дар ин маънӣ чӣ талқин кардаанд? Гадоӣ кардан, агарчӣ мавзуи дигар аст, аммо бо ризқ иртибот дорад. Чӣ гуна рафтор кунем? Ба гадоён пул диҳем, ё надиҳем? Дар пайдо кардани ризқи ҳалол бояд меҳнати дастон ва сидқу ихлос низ бояд бошад гуфтаанд. Ин чӣ маъно дорад? Талаби ризқи ҳалол аз Худованд чӣ фазилат дорад? Волидон дар тарбияи фарзанд бояд ҳамешагӣ талқин кунанд, ки паи дарёфти ризқи ҳалол бошанд. Ин ҳама аз масъалаҳое мебошад, ки дар барномаи навбатии “Чароғи ҳидоят” бо донишманди улуми дин, Хоҷамир Хоҷамиров муҳокима гардид.

Поделиться в: