«Тайёрии томактабӣ тақозои замон аст?»

Баробари 6 сола шудани фарзанд волидайн дар фикри ба кадом мактаб омода намудани вайро доранд. То ин фурсат кӯдак тарбиятгирандаи кӯдакистон буд. Усули таълиму тарбия ва машғулиятҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои томактабии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст, ба шарту шароите, ки дар мактабҳои хусусӣ ҳангоми қабул ба синфи 1 пешбинӣ шудааст, мувофиқат намекунад. Пас, чӣ бояд кард? Роҳи ҳалли мушкилотро падару модар дар дарси иловагӣ ва ё худ курсҳои омодагӣ ба мактаб мебинад. Устоди донишгоҳи Балтика, аъзои иттифоқи равоншиносони Россия Абдуллоева Гулбаҳор Воҳидовна, усулҳои нави таълиму тарбияи кӯдакро аз рӯи методикаи педагог-психологони аврупо пешниҳод кард. Падару модаронеро, ки дар барнома иштирок намуданд, роҳҳои нави тарбия дар ҳайрат гузошт. Печутоби замонро тамошо кунед, хеле ҷолиб! Ба муаммоҳои худ посух хоҳед ёфт.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий