Таҷлили иди Сада дар Хуҷанд

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни  таҷлили иди Сада ба деҳқонон тавсия дод, ки ҳангоми фурӯши ниҳолҳо ба мардум тарзи дурусти шинонидани онро шарҳ диҳанд. Инчунин ӯ ба кишоварзон супориш дод, ки дар вилояти Суғд барои зиёд намудани ҳосилнокӣ майдони боғҳои интенсивиро зиёд кунанд. Раҷаббой Аҳмадзода ба кишоварзон тавсия дод, ки ҳосилнокии дарахтони мевадиҳандаро зиёд намуда ба содироти бештари мева ҷаҳд кунанд.

Иди Сада рӯзи 30-уми январ дар шаҳри Хуҷанд доир шуд ва беш аз 100 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда, 20 ҳазор бех гулҳои ороишӣ ва 1 тонна тухмиҳои хушсифату заҳрхимикатҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Дар баробари деҳқонони вилояти Суғд инчунин деҳқонон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ниҳолҳои  ороишӣ, аз ҷумла коҷи кабуд ва санавбарро барои фурӯш ба Хуҷанд оварданд. Нархи ниҳолҳои нок, зардолу, шафтолу, олуча, себ ва ғайра аз 3 сомониву 50 дирам то 8 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий