Таҳсили ғайрирасмии донишҷӯён дар мактабҳои динӣ ва баргардонидани онҳо аз хориҷи кишвар


Санаи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдаку навраси тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуд. Инҳо фарзандони заноне мебошанд, ки дар маҳбасҳои Ироқ бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ДИИШ зиндонӣ шудаанд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар изҳороти расмӣ гуфтанд, ки баргардондани кӯдакон «бо пуштибонии ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст».
Ҳамаи он кӯдакони баргардонидашуда имрӯз дар осоишгоҳи бачагонаи Харангони ноҳияи Варзоб ҷойгир карда шудаанд. Яъне давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба тақдири фарзандони онҳое, ки ба андешаҳои гумроҳӣ дода шуда ба кишварҳои ҷангзада рафта ба сафи ҷангҷӯён ҳамроҳ шуда, қисме кушта ва қисми дигар зиндонӣ шуданд, бетараф нест. Ин кӯдакону наврасон бояд дар муҳити Тоҷикистон ба воя расанд, зеро ба кирдорҳои волидонашон онҳо ҷавобгӯ нестанд. Аммо мо ин навбат дар бораи паҳлуи дигари ин мавзӯъ сухан мекунем. Дар бораи амали волидоне, ки иқдоми фарзандони худро дар мавриди таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷа дастгирӣ кардаанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий