Таҳсили фосилавӣ: «Дар кадом гӯшаи дунё набошад дар Тоҷикистон соҳиби диплом мешавад»

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ҳамчун озмоиш ба таҳсили фосилавӣ шурӯъ кардааст. Тахмин чанд моҳи охир беш аз 300 нафар донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи ин донишгоҳ ба таҳсили фосилавӣ ҷалб шудаанд. Онҳо ба донишгоҳ ҳозир намешаванд, балки тариқи интернет аз хона аз устодон дарс меомӯзанд. Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори ДДХ оид ба корҳои тарбиявӣ ба СМ-1 гуфт: «Мо кӯшиш намудем, нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавиро тариб додем ва дар маркази методии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ташхис гузаронида тасдиқ намуда овардем. Ҳоло дар чаҳор факултет, ҳам дар риштаи омӯзгорӣ ва ҳам дар риштаи ғайриомӯзгорӣ ба тариқи озмоишӣ донишҷӯёни курси якумро ба таҳсил ҷалб кардем.»

Абдуфаттоҳ Раҳимов мегӯяд, таҳсили фосилавӣ аз оғози моҳи сентябри соли 2017 дар ин донишгоҳ ҷорӣ шуда умедвор аст натиҷаи дилхоҳ медиҳад. «Мақсади асосии таҳсили фосилавӣ ҳамин аст, ки ҳар як шаҳрванди чӣ хориҷи кишвар чӣ шаҳрванди Тоҷикистон дар кадом гӯшаи дунёе, ки набошад метавонад, тариқи фосилавӣ ба донишгоҳи мо дохил шавад. Бо воситаи шабакаи интернетӣ бевосита аз кор дур нашуда ҳам кор кунад ва ҳам таҳсил карда соҳиби диплом шавад.»

Ин низоми нави таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон буда донишҷӯён ба мисли донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона наинки дар сол як ё се бор балки дар охири сол метавонанд аз ҳамаи фанҳо як бор имтиҳон супоранд.

Поделиться в:

Похожие записи

Один комментарий “Таҳсили фосилавӣ: «Дар кадом гӯшаи дунё набошад дар Тоҷикистон соҳиби диплом мешавад»

  1. шогирд

    Ин нақшаи ректори собиқ Мақсудов буд! Афсӯс наҳангҳо нагузоштанд устод ҳамаи нақшаҳояшонро амалӣ намоянд. ((((

Оставить комментарий