Суғд: Таваллуди бе оризаи кӯдакон дар рӯзи иҷлосияи таърихӣ

Имрӯз, 16-уми ноябр дар таваллудхонаи вилояти Суғд 9 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки 5 нафари онҳо писар ва 4 нафар духтар мебошанд. Модарони навзодон мегӯянд, ки онҳо дар рӯзи таҷлили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанд дарёфтанд ва талоши гузоштани номи вобаста ба ҷашнро доранд. Кӯдакони дар ин рӯзи таърихӣ таваллудшуда ягон ориза надоштаанд ва духтурон вазъи саломатии онҳову модаронашонро хуб арзёбӣ мекунанд. Мавзуна Шарипова, модари як кӯдак гуфт, ки ӯ фарзанди 3-юмини худро бо вазни 4 килову 400 грамм дар ин рӯзи таърихӣ таваллуд кард, ки писар аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий