Суғд: Миқдори бузурги гӯшти мурғу гови пастсифат ошкор шуд

Дар вилояти Суғд миқдори зиёди гӯшти мурғу гови пастсифат ошкор шуд. Ин маҳсулоти гӯштӣ дар анбори ҶДММ «Ҷоми ҷам» дар шаҳри Бӯстон ва ҳам ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигоҳ дошта мешудааст. Бино ба иттилои маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд маҳсулоти гӯштӣ истеҳсоли кишвари Ҳиндустон буда 86 ҳазор килограм аст. Аммо ин маҳсулоти гӯштӣ бе сертификати мутобиқат нигоҳ дошта шуда, феълан барои ташхис ба озмоишгоҳи «Тоҷикстандарт» оварда шудааст. Бино ба иттилои манбаъ миқдори бузурги гӯшти мурғу гови пастсифат дар як санҷиши муштараки Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд бо ҷалби мутахассистони Раёсати андози вилоят ва маркази «Тоҷикстандарт» ошкор гардидааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий