Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

Як кӯдаки 4 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дохили деге, ки дар он шир ҷӯш мезад афтода 70 дарсади ҷисмаш сӯхтааст. Аз ӯ Райҳона ном мебаранд, ки дар беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст ва дар фосилаи 15 рӯз ду бор ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст. Сабоҳат Турсунова модаркалони кӯдак ба СМ-1 гуфт, ки қаблан онҳо ба зинда мондани Райҳона бовар надоштанд. «Ин ҳодиса вақте рух дод, ки модари Райҳона шири ҷӯшидаро аз дег ба сатил мерехт ва мехост кӯдакро аз назди он дур кунад. Аммо кӯдак аз дасти модараш баромада ба даруни шири гарм афтод. Ҳодиса рӯзи душанбеи санаи 6-уми ноябр, рӯзи ҷашни Конститусия рух дод. Он рӯз боғча истироҳат буд ва кӯдак дар хона буд.» Кӯдакро аввал дар беморхонаи ноҳия тахмин як моҳ муолиҷа кардаанд ва дар ин муддат бино ба нақли модаркалонаш ҷаҳор маротиба духтурони Хуҷандро даъват карданд. «Духтурон ҳам ба сиҳат шудани кӯдак боварӣ надоштанд. Узви баданаш сатх сӯхта буд. Чаҳор маротиба духтурон аз шаҳри Хуҷанд барои хабаргирии кӯдак ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рафтанд. Дар охир маҷбур шуданд, ки кӯдакро ба шаҳр биёранд. Духтурони ноҳия вазъи саломатии кудакро вазнин арзёбӣ карданд. Бо умеди шифо ёфтанаш ба Хуҷанд омадем.»
Духтурон мегӯянд, дар ду амалиёти ҷарроҳии пластикӣ модари Райҳона барои барқарорсозии саломатии духтарчааш пӯст додааст. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар бистарӣ шудаанд, ки аксарияташон кӯдаконанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Один комментарий “Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

  1. Якубова Нодира

    Молодцы, СМ-1, так держать!!! Классные передачи, замечательные ведущие, лучший директор!!!

Оставить комментарий