Суғд: Ҳалокати ду ронанда ва як мусофир дар садамаи рӯзҳои охир

Дар натиҷаи ду садамаи нақлиётии як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расида 1 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд садамаи роҳи «Хуҷанд-Ғафуров»-ро шарҳ дод. Ин садама рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ дар  километри 16-уми роҳи мазкур дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста ду ронанда ба ҳалокат расида як мусофир дар беморхона бистарӣ шуд. Бино ба иттилои БДА ронанда автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Саидҷон Наҷмиддинов истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Ғафуров» аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракат, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба нақлиёти тамғаи «ЗИЛ» таҳти дораи ронанда Атҳам Эрматов истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ҳардуи ронанда аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» бо бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шудааст.
Соати 18:30 дақиқаи санаи 2 феврали соли ҷорӣ низ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астрам», сокини шаҳри Панҷакент  ҳангоми ҳаракат дар километри 85-уми роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Мухбилҷон Раҳимов, сокини ҳамин шаҳрро пахш кардааст. Бозрасӣ мегӯяд, Мухбилҷон роҳро аз тарафи рост ба чап бурида мегузашт ва зери чархи «Опел-Астра» дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий