Созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои рафъи оқибати офати табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ба мувофиқ расиданд, ки ҳангоми сар задани офати табиӣ дар ноҳияҳои марзии ин ду кишвар ба ҳам кӯмак мерасонанд. Аз ҷумла тибқи созишномаи байни ду кишвар ҷонибҳо омодагии худро барои омӯзонидани наҷотдиҳандагон ва ҳам табодули таҷрибаи кормандон иброз намуданд. Рӯзи 10-уми ноябр даври дуюмини ҷаласаи муштараки ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гардид. Дар он нақшаҳои ҳамкории минбаъаи ду ҷониб дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибати офати табиӣ, ки дар сарҳад ба вуқӯъ мепайвандад тарҳрезӣ шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар сурати сар задани ҳодисаи табии ба сокинони марзии ду кишвар дар ҳамҷоягӣ кӯмак мерасонанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий