Сохтмони роҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шарқи Хуҷанд оғоз шуд

Дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд сохтмони гузаргоҳи зеризаминии 260 метрӣ оғоз шуд. Ин гузаргоҳ байни бозори Афросиёб ва Панҷшанбе бунёд хоҳад шуд, ки дохилаш беш аз 60 мағозаи фурӯши молу маҳсулот пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории соҳибкорони ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» оғоз гардида дар фурсати шаш моҳ анҷом меёбад. Соҳибкорон мегӯянд, дар сурати бунёди ин гузаргоҳи зеризаминӣ мушкилии тамбашавии нақлиёт дар кӯчаи Шарқ хотима меёбад ва дар мағозаҳои дохили гузаргоҳ беш аз 250 нафар ҷойи корӣ пайдо мекунанд. Ин чаҳорумин роҳи зеризаминӣ дар ҳудуди бозори Панҷшанбе хоҳад шуд, ки дорои 10 даромадгоҳ аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий