Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд ба Раёсат табдил ёфт

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражании вилояти Суғд ба Раёсат табдил ёфт. Дар ин бора ба телевизиони СМ-1 сухангӯи ин ниҳод Шаҳзода Бутаева иттилоъ дода гуфт, ивази номи Ситод ба Раёсат «дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 «Дар бораи сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда» сурат гирифт.

Шаҳзода Бутаева, сухангӯи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд нахустин хабари Раёсат баъди ивази номро аз якбора поён фаромадани ҳарорати ҳаво расонаӣ кард. Бино ба иттилои ин ниҳод санаҳои 16-17-уми январ дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда шудааст. «Пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ, шиддатнокии шамол дар водиҳо, ба амал омадани туман дар роҳҳо ва ағбаҳо дар назар дошта шудааст.»

Аз ин рӯ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки    дар ин рӯзҳо ҳангоми истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд, қувваи барқро сарфакорона истифода баранд. Шаҳзода Бутаева гуфт: «Шахсоне, ки мехоҳанд ба сафар бароянд, мошинҳои худро бо таҷҳизоти зарурии мутобиқ ба шароитҳои бориши барф  таъмин созанд, яъне чархҳои автомошинаи худро ба чархҳои зимистона иваз намуда, занҷирпеч намоянд, бо худ занҷирҳои эҳтиётӣ бигиранд, ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо басо зарур аст, ки фосилаи ҳаракати мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, хело ҳушёру эҳтиёткор бошанд, ҳаёти худ ва ҳамроҳони худро зери хатар нагузоранд!»

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд инчунин дар огаҳиномаи худ гуфтааст, ки аҳолӣ ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, фарзандони ноболиғи  худро назорат кунанд, зеро бар асари вазидани шамоли сахт канда шудани хатҳои интиқоли барқ, шитҳои рекломҳо ва шикастани дарахтон осеб дидан аз эьтимол дур нест. Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд хоҳиш карда шудааст, ки муваққатан аз чаронидани чорво, ҷамъ намудани ҳезум ва шикор худдорӣ намоянд.

«Агар шоҳиди ҳолати нохуш ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақами (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 дар тамос шавед, дар Раёсат навбатдории шабонарӯзӣ фаъолият мебарад, Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ бо техникаву таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ барои кӯмак ба мардум дар ҳолати омодабош қарор доранд.»

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий