Ҳошим Мирзоев яке аз кордсозони маъруфи шаҳри Истаравшан аст. Ба иттилои ӯ кордсозӣ дар асри санг пайдо шудааст. Дар даврони пеш кордро натанҳо барои рӯзгор, балки барои муҳофизати худ аз ҳайвонҳои ваҳшиву шикор истифода мебурданд. Дар Осиёи миёна мъруфтарин кордсозон дар шаҳри Истаравшан қарор доранд, ки ин ҷо ҳунари кордсозӣ аз насл ба насл мегузарад.

Кордҳои сохтаи ҳунармандони Истаравшан аз ҷиҳати обутоби метал, суфтагии метал, нақши гулбанд, сарбанд ва дигар хусусиятҳо аз кордҳои тариқи техника сохта шуда фарқи калон дорад. Аҳмад Эргашов устои кордсоз, ва омӯзгори Колеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки ба донишҷӯён ин ҳунарро меомӯзад, вобаста ба мавзӯи мазкур ибрози андеша намуд. Барои сохтани корд устоҳои кордсоз аз намудҳои метали пӯлодӣ, сӯян ва ресори мошин истифода мебаранд. Аз ин металҳо танҳо қисмати теғи корд сохта мешавад. Дастаи кордро бошад, бештар аз устухони ҳайвонҳои калон аз қабили шохи гов, шохи бузи кӯҳӣ, шохи оҳу, нахчирҳои кӯҳӣ, дандони фил месозанд. Ҳамчунин дастаи корд аз чӯбҳои дарахтони заранг, арча, зардолу, чормағз ва ғайра сохта мешавад. Қисмати дастаи кордро бештари маврид бо ҳар гуна нақшу нигор оро медиҳанд.


Ба иттилои кордсозон кордҳои дастӣ сохташударо бештари маврид, барои тӯҳфа харидорӣ менамоянд. Корд ҳамчун рамзи ҷасуриву далерӣ тӯҳфа карда мешавад.

Салимҷон САИДОВ,

Шаҳбоз ТОҲИРОВ, шаҳри Истаравшан

Поделиться в: