Саводи расонаӣ

Дар асри 21 зистан дар баробари имкониятҳои фарох мушкилоти хоси худро дорад. Онро асри иттилоот ва технологияҳои пешрафта медонанд. Дур намеравем. Биступанч сол пештар касе гуфта наметавонист, ки замоне фаро мерасад, ки телефонҳои мобилӣ мебароянд, ки ҷои телефони симдори хонагӣ, телевизори кунҷи хона, радио, газетаро ишғол мекунад. Агар ҳамон вақт ин гапро мегуфтед ҳатман ба саломатии равонии гӯянда шубҳа мекарданд. Имрӯз бошад воқеъият аст. Аммо абзори истифодамешуда дар дасти нафари огоҳ воситаи хуби муоширату хонишу гирифтани маълумот аст. Нафари ноогоҳ дар ин олами бузурги додугирифти иттилоот раҳгум мезанад. Пас он нафари огоҳ кӣ аст? Ӯро чӣ гуна шиносем? Мегӯянд, ки барои шинохтану фарқ кардану дуруст амал намудан саводи расонаӣ даркор аст? Он саводро аз куҷо гирем? Ин ҳама аз масоиле аст, ки бо коршиносони ин мавзуъ дар барнома матраҳ кардем.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий