Саркардаи куштори ду соҳибкори Унҷӣ сокини Хуҷанд будааст

Қотилони куштори бераҳмонаи ду соҳибкор дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурра боздошт шудаанд. Имрӯз, 2-уми феврал Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар ин бора зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ танҳо гуфт, ки «саркардаи ҷиноят сокини шаҳри Хуҷанд мебошад ва ҳамаи ҷинояткорон пурра дастгир шудаанд». Бино ба маълумотҳо бо ҷурми даст доштан дар ин куштор беш аз 5 нафар боздошт шудаанд. Қудратулло Назарзода дар идома афзуд ҳоло тафтишот идома дорад. Аммо генерал-майори милитсия бинобар сири тафтишотӣ қазияи пурраи куштор ва шахсияти омилони ин ҳодисаи бераҳмонаро шарҳ надод. Мақомоти милитсия мегӯяд, баъди анҷоми корҳои тафтишотӣ шахсияти куштори бераҳмонаи зану шавҳари соҳибкорро тариқи ВАО шарҳ медиҳанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий