САРАТОН: БЕМОРИЕ, КИ НА ТАБОБАТАШ МАЪЛУМ, НА МАБЛАҒГУЗОРИАШ! (Чандрасонаӣ)

Саратон дар Тоҷикистон баъд аз бемориҳои қалб, аз кушандатарин бемории ғайрисироятӣ ба ҳисоб меравад ва тақрибан 59%-и маргу мир аз ҳисоби ин бемориҳоянд. Бино ба пажўҳишҳо, то соли 2020 ба сари ҳар 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз 13 то 15 ҳолати гирифторӣ ба саратони ғадуди ширӣ ё бачадон рост хоҳад омад.

Зимнан, ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, солона дар дунё то 13 млн. нафар гирифтори навъҳои мухталифи саратон мешаванд ва аз ин шумор то 7,6 млн. нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар Тоҷикистон бошад, соле беш аз 3 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ва ин рақам тамоюли зиёдшавӣ дошта, аз он 30%-аш мефавтанд.

Ин як паҳлўи муҳими масъала аст. Дар баробар ин, маблағҳои зиёде ҳам аз сўи мақомоти марбута ва ҳам худи беморон барои раҳоӣ аз ин беморӣ масраф мегардад.

Гулнора Ҳалимова, сокини 54-солаи шаҳри Ҳисор, ки соҳиби се фарзанд асту чанд сол инҷониб бо ҳамроҳии оилааш дар шаҳри Уфаи Русия кору зиндагӣ дорад, мегўяд, духтурони ин кишвар 5 моҳ қабл дар вуҷуди ў саратони ғадуди шириро муайян кардаанд. Ин хонум бо маслиҳати хоҳараш, ки пизишк аст, барои ҷарроҳӣ ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии Тоҷикистон омада, ду ҳафта қабл ҷарроҳӣ кардааст. Хонум Ҳалимова мегўяд, баъд аз ҷарроҳӣ духтараш ба хазина 1300 сомонӣ маблағ супоридааст. Ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи Гулнора Ҳалимова, оилаи онҳо дар Русия моҳе беш аз 5 ҳазор сомонӣ дарёфт мекунанду имкони пардохти чунин маблағро дорад.

Гулнора Ҳалимова ягона нафаре нест, ки аз ин намуди беморӣ ранҷ мекашад. Малоҳат Нурова, бошандаи 51-солаи ноҳияи Мастчоҳ, яке аз омўзгорони фанни русии ин ноҳия, давоми 7 моҳ ба ин сў аз бемории саратон азият мекашад. Ў мегўяд, ба иллати беморӣ аз мактаб рафт ва дар ин муддат дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, дар шўъбаи кимиёдармонӣ таботат мегирифт. Давоми 7 моҳ Малоҳат Нурова барои табобат дар шаҳри Хуҷанд тақрибан 3 ҳазору 500 сомонӣ сарф кардааст. Ҳоло хонум Нурова барои ҷарроҳӣ ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ омадааст. Ба гуфтаи ў, буҷаи оилааш моҳе ҳудуди 1500 сомониро ташкил медиҳад ва онҳо 3 фарзанди мактабхон доранд. Малоҳат Нурова табобати ояндаашро ба молу чорвояш умед мебандад ва бовар дорад, ки сиҳат меёбад.

Бино ба гуфтаи пизишкон, саратон бемории табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор дар марҳилаи якуму дуюм ба онҳо муроҷиат кунад. Вагарна, дар марҳилаи сеюму чаҳоруми беморӣ эҳтимол пурра шифо наёбад ва бо марг анҷомад.

Диловар Ғаниев: «Табобати ҷарроҳии бемории саратон ройгон мебошад»

Диловар Ғаниев, муовини сардор оид ба корҳои ташкилии Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии Тоҷикистон мегўяд, дар сурати сари вақт муроҷиат намудани шаҳрвандон, онҳо 60-70%-и бемории саратонро табобат карда метавонанд. Ҷаноби Ғаниев бар он назар аст, ки бемории саратон дар Тоҷикистон сол аз сол ба қавле «ҷавонтар» мешавад. Зеро, даҳ сол қабл, синни миёнаи он 40-55-сола будааст ва ҳоло ин беморӣ 35-45 солро ташкил медиҳад. Ў мегўяд, аксари гирифторони бемории саратон занонанд. Ғаниев далели густариши омоси бадсифат дар занонро дар бетаваҷҷўҳии онҳо ба сиҳатии худ ва канораҷўӣ аз табибон медонад: «Табобати ҷарроҳӣ аз наҷоти бемории саратон барои ҳамагон ройгон мебошад. Танҳо барои табобати кимиёдармонӣ, ки бархе аз дорувории онро мо дастрас карда наметавонем, ин мушкил пайдо мешавад. Аммо барои амалиёти хизматрасонии тиббию санитарӣ ҳангоми пеш аз дарёфти бемории саратон нархнома муайян карда шудааст».

Тибқи омори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015 шумори умумии беморони мубталои саратон 13 ҳазору 95 нафар буда, аз ин 5 ҳазору 52 мард ва 8 ҳазору 43 зан мебошад. Фавти занон аз ин беморӣ дар соли 2015 назар ба мардҳо зиёд аст: «Занон 1195 ва мардон 985 нафарро ташкил додааст».

Ин нишондод, бино ба маълумоти муассисаи мазкур, дар соли 2016 ба 11 ҳазору 72 нафар баробар буда, теъдоди гирифторони саратон миёни мардҳо 4 ҳазору 171 ва занон 6 ҳазору 901 нафар мебошад: «Фавти занон 1168 ва мардҳо 899 нафарро ташкил медиҳад».

Ин ниҳод дар идома афзуд, ки «бемории мазкур тамоюли болоравӣ дорад».
Зимнан, мутахассисон мегўянд, иллати аслии бемории саратон ҳанўз дақиқ нашудааст, вале онҳо фақат аз омилҳо ном мебаранд. Омилҳои асосиро онҳо ба илтиҳоби музмин, шикасти устухон, истеъмоли нодурусти ғизо, сигоркашӣ, таваллуди зиёди фарзанд ё умуман таваллуд накардан, исқоти ҳамл ва то ҳатто асабонияти аз ҳад зиёдро рабт медиҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, феълан дар қаламрави кишвар 5 муассисаи саратоншиносӣ фаъолият мебарад ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар соли 2017 ҳудуди 9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст: «Ин рақам назар ба соли 2016 беш аз 500 ҳазор сомонӣ афзудааст».
Пизишкон мегўянд, ҳар як инсон бояд ҳаёти солимро пеш барад ва ҳатман соле ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Дар сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он боиси саломатии инсон мегардад.

Ҷамшед МАЪРУФ
Ҳалим ҶЎРАЕВ,
махсус барои «СМ-1»

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий