Сафари се рӯзаи ҳунармандони Суғд ба Ҳисор

12 нафар ҳунармандони вилояти Суғд ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд. Ҳунармандонро Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсатсияи ҳунармандони вилояти Суғд ҳамраҳӣ дорад. Давоми 3 рӯз дар чорабиниҳои гуногун аз ҷумла ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирок мекунанд. Меҳмонон аз ҳунари волои ҳунармандони шаҳри Ҳисор дидан намуда, табодули таҷриба хоҳанд кард. Ҷойҳои сайёҳии Ҳисорро тамошо карда маҳсули дастранҷашонро муаррифӣ менамоянд. Барои инъикоси ҷараёни сафари се рӯзаи ҳунармандон, гурӯҳи эҷодии барномаи Хабар Фаррух Усмонов ва Нуриддин Ҳакимов сафарбар шудаанд. 12 нафар ҳунармандон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо Суғд буда санаи 15 май дар ҳамоиши ҳунармандӣ ва чорабинии рӯзи оила ширкат намуданд. Дар ин бора ҳамкоронамон аз шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий