Садамаҳои як рӯз се нафарро маҷрӯҳу ду тани дигарро кушт

Дар натиҷаи ду садамаи нақлиётии 9-уми апрел дар вилояти Суғд се нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоша ду тани дигар ҳалок шуданд. Фавтидагон яке Муҳайё Икромова, сокини ноҳияи Ашт дигар Муҳиддин Юсупов сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Боз ду зан ва як мард, ки зодагони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Ваҳдат мебошанд дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бино ба иттилои БДА-и вилояти Суғд ин садамаҳои нақлтиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Бӯстон рӯзона рух додааст. Бино ба иттилои мавҷуда Муҳайё Икромова, ки дар садамаи роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Қалачаи Араби шаҳри Истаравшан ҷон бохт мудири гимназияи ҷамоати Ашт мебошад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий