Сад гектар замини шолӣ дар Суғд дар ҳоли талафёбист

Сад гектар ҳосили пухтарасидаи шолӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров дар ҳоли талафёбист. Бино ба гуфти кишоварзон сатҳи оби дарёи Сир якбора боло рафта ҳоло дар ин се ноҳияи шоликор тахмин 400 тонна биринҷи ҳанӯз нокӯфта дохили об мондааст, ки хатари пурра талафёбӣ таҳдид мекунад. Зеро донаи шолӣ, ки зиёд дар дохили об монд хоҳу нохоҳ гуфта мешавад талаф меёбад. Субҳи 13-уми октябр аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба СМ-1 гуфтанд, ки аз ин вазъ огаҳанд ва аз заминҳои дохили об монда боздид кардаанд. Аммо ҳоло мушкилӣ сари зиёд шудани оби дарёи Сир будааст, ки ин идора имкони паст кардани обро надоштааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий