Русия, Чин ё Туркия. Кадоме моли босифат истеҳсол мекунад?

Маркази Тоҷиксатандарт дар вилояти Суғд кишварҳои Белорус, Чин ва Русияро воридкунандаи молҳои пастсифат ба Тоҷикистон ном бурд. Ин марказ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ тахмин 60 ҳазор килограм маҳслоти хӯрокаву сохтмониро несту нобуд кардааст, ки асосан ба ин се кишвар тааллуқ доштааст. Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуотии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд гуфт, ки аҳолӣ ҳангоми харидории молу маҳсулот аввал ба тамғаи истеҳсолии он аҳамият диҳанд. «Агар маҳсулот тамағагузорӣ нашуда бошад алакай он хатарнок аст. Аз ин рӯ истеъмолкунанда ҳангоми харид бояд ба тамғагузории маҳсулот аҳамият диҳанд. Бояд санаи истеҳсоли маҳсулот, мӯҳлати истемолии он дар тамғагузорӣ ҷой дода бошад.» Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 7 ҳазору 657 намунаи маҳсулоти ғизоӣ аз ташхис гузаронида шудааст, ки аз он 286 намунаи маҳсулот ба талаботи стандарт ҷавобгӯй набуданд. Мо аз сокинон пурсидем: Ба маҳсулоти кадом кишвар бештар афзалият медиҳед?

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий