Роҳбари кооперативӣ-тиҷоратии «Шаҳристон» баъди садама фирор кард

Роҳбари кооперативӣ-тиҷоратии «Шаҳристон» бо ҷурми пахши марди 41 сола ва фирор аз ҷойи ҳодиса боздошт шуд. Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд ба СМ-1 иттилоъ дод, ки Мирзо Ниёзмаҳматов, роҳбари ин кооператив шаби 13-уми январ соати 20:00 дар ҳолати мастӣ Улмас Умарқосимови 41 сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро пахшт карда аз ҷойи садама фирор кардааст. Баъдан пиёдагузар аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон ба вуқӯъ пайвастааст. «Мирзо Ниёзмаҳматов, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон, роҳбари кооперативӣ-тиҷоратии «Шаҳристон» ҳангоми бо автомашинаи тамғаи Опел-Астра ҳаракат карданаш дар ҳолати мастӣ аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада пиёдагардро пахш намуда баъди садама аз ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Нақлиётро дар манзили истиқоматияш пинҳон намудааст, ки бо изи гарм дарёфт ва гирифта шуд».

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий