Раёсати тандурустӣ кори мутахассисони ташхисгоҳҳоро санҷид

Хадамоти назораи фаъолияти тиббӣ ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд гурӯҳи корие созмон дода дақиқ ва ё нодуруст будани таҳлил ва ташхиси бемориҳоро санҷидаанд. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати танурустии вилояти Суғд гуфт, ин кор ба хотири ошкор намуани камбудиҳо ва ҳам пешгирии он амалӣ карда шуд. «Мисол мо духтурон барои санҷиш ба як ташхисгоҳ тахшисро супурида аз он ҷо ба дигар беморхона фиристодем, ки ташхисҳо ба ҳамдигар дурус меояд ва ё не. Бисёри ҷой дуруст, вале камбудиҳо ҳаст ва ин камбудиҳоро саривақт бартараф карда истодаем».

Фаррух Мақсудзода инчунин гуфт, чанде аз камбудиҳо дар рафти санҷиши таҳлили ташхис ошкор шуд ва феълан нисбати  мутахассисон чораҷӯӣ карда истодаанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд онҳо аз вазифа барканор нашудаанд, лекин ба тақрибан 7-8 нафар сертификати иҷозаи кор дода нашудааст. Раёсати тандурустӣ ба ин духтурон шаш моҳ мӯҳлат додааст, ки курси бозомӯзиро хатм карда аз нав аз сертификатсия гузаранд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий