Равуои сокинони Сарвак тариқи марзи Ӯзбекистон беҳтар шудааст

Рафтуомади сокинони деҳаи Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт тариқи посгоҳи марзии Ӯзбекистон то ҷое беҳтар шудааст. Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт рӯзи 25-уми январ зимни нишасти хабари гуфт: «Марзбонони ӯзбек ҳам бисёр дастгирӣ карданд. Мисол пештар ғам медоданд, ҳоло инхел ҳолатҳо нест». Бино ба гуфти Зариф Мирдадо тӯли беш аз як сол шахсан худаш ба деҳаи «анкалав»-и Сарвак се бор сафари корӣ анҷом дода ба чанде аз мушкилии сокинон расидагӣ кардааст. «Пештар камтар мушкилии роҳ буд барои он, ки то ҳоло ҳам аз соати 8:00 то 17:00 иҷозати рафтуомад медиҳанд. Мо се бор сафари корӣ доштем вақте, ки муроҷиат кардем барои гузаштан ягон монеъагӣ набуд. Охирин сафари кории мо 20 рӯз пеш буд. Мо рафтем сокинон ҳоло гуфта истодаанд, ки барои ҷавонон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад. Мо ҷошона дар ҳамон ҷо муайян карагӣ ҳастем. Шумо медонед, ки ҳудуди анкалав 15 километр мо ҳудуди Ӯзбекистон аст. Қариб 450 гектар дар он ҷой замин дорем, 35 километр дарозӣ дорад ва ҷояш бисёр мавзеи сайёҳӣ аст».

Деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт бо 580 нафар аҳолӣ дар ҳудуди марзи Ӯзбекистон ҷойгир аст ва тӯли чанд сол инҷониб рафтуомади сокинон ба ҳудуди Тоҷикистон мушкил шудааст. Байни роҳи ягонаи деҳаи Сарваки ҷамоати Пунук посгоҳи сарҳадии Ӯзбекистон мавҷуд аст  ва равуои сокинон зери назорати сарҳадбонҳои ӯзбек сурат мегирад.

Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт гуфт, ки чанд вақт пештар намояндагон аз Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии марзи Ӯзбекистон бо Ашт ба ин ноҳия омадаанд. «Маълумоте, ки мо дорем роҳе, ки пештар кофта буданду «анкалав» карда буданд ҳамон роҳ ҳоло таъмир шуда истодааст ва гуфтугӯҳо идома дорад». Сокинони деҳаи анкалави Сарвак аз мақомоти ноҳияи Ашт хостаанд дар масъалаи ба тартиб дарории замини наздиҳавлигӣ, пахши мавҷи телевизиони Тоҷикистон ва таъмини синфхонаҳо бо компютер мусоидат кунанд. Зариф Мирдадо гуфт, ки онҳо дар пахши мавҷи телевизион, харидориву таъмири компютер ва масъалаи тақсими замин ба сокинон мусоидат кардаанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий