Рамазон Раҳимзода сардори нави РКД-и Суғдро муаррифӣ кард

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сафари рӯзи 13-уми декабрии худ ба вилояти Суғд сардори тозаинтихоби РКД-и ин вилоятро муаррифӣ кард. Дар пайи як тағйирот сардори РКД-и вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе таъин шуд. Генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд интихоб гардид. Инчунин дар як маҷлиси тантанавӣ боз чанде аз кормандони мақомоти милитсияи Суғд, ки ба вазифаи нав интихоб шудаанд муаррифӣ гардиданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий