Қоидаи китобхонӣ

Муаммои асосии барнома аз китобхонӣ дур шудани аксарияти ҷавонон буд. Аммо дар рафти барнома якчанд ҷавонони донишманду зирак бо китобхониву босаводии худ, дигар иштирокчиёнро қоил карданд. Ин ба туфайли донистани қоидаи китобхонӣ буда, онро бо зудхонӣ тавъам шумориданд. Зудхонӣ бошад, дар навбати худ қоидаву техникаи махсус доштааст. Ҳамин тавр ин гурӯҳи ҷавонон ба воситаи зудхонӣ ҳамзамон қувваи хотира, биноӣ шунавоӣ, ҳиссиёти худро низ мустаҳкам карда истодаанд. Ба хотир гирифтани парчами давлатҳо бо пойтахташ, рақаму калимаҳои душвор аз ҷумлаи маҳорати иштирокчиёни фаъоли ток шоуи Печутоби замон буда, онро дар вақти сабти барнома намоиш доданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий