Қиссае аз Чорбоғ

Ҳар сол симои мустақили якум дар ҷамбасти сол лоиҳаи солинавиро пешноҳод мекунад. Имсол низ барномаи ҷамбастии солинавӣ дар деҳаи Варсиқи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Истаравшан сабт шуд. Чун ҳарсола ба ин лоиҳаи солинавӣ низ ҳунармандону ҳофизон, чеҳраҳои шинохта ҷалб шуданд. Ин дафъа онҳо дар нақши сокинони деҳа буданд. Бо пешниҳоди ин барнома тамошобин ҳамзамон бо зиндагии мардуми қишлоқ, урфу одат ва анъанаҳои бобоии ин маҳал, ки онро дар шахр дидан мумкин нест, бори дигар ошно мешавад. Сенарияи филм бо саҳнае оғоз мешавад, ки кормандони СМ 1 ба Чорбоғ наворгирӣ омада, дар роҳ бе нақлиёт мемонанд. Аз ин ҷо қисса оғоз мешавад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий