Прокурор: «Ҳар як ваҷаб замин ба арзиши мумкин тилло бошад»

Прокуратураи вилояти Суғд дар пайи санҷишҳои як соли ахир дақиқ сохтааст, ки гоҳо дар ин вилоят одитарин қоидаи шаҳрсозӣ риоя намешавад. Ҳабибулло Воҳидов, зимни нишасти хабарӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки то ҳатто ҷой барои нигоҳ доштани автомашинаҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон, ҷойи нишаст барои калонсолон, гулкориву дарахтшинонӣ дар назди баъзе биноҳо ба чашм намерасад. Ин маънии онро дорад, ки қоидаи шаҳрсозӣ, нақшаи генералии шаҳрсозӣ риоя намешавад гуфт, Ҳабибулло Воҳидов. Бино ба иттилои ӯ мақомоти прокуратура давоми як соли гузашта  тибқи қонунгузории шаҳрсозӣ, замин ва меъморӣ 779 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ, 157 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ, 28 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 8 нафарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардааст. Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд дар мавриди тақсиму ҷудо намудани қитъаи замин гуфт 197 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳоро дар ин самт бекор карда 2 ҳазору 92 гектар қитъа замини ғайриқонунӣ тақсимшударо ба ҳолати аввала баргардонидаанд. «Шумо медонед, ки 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистон кӯҳсор аст ва замин бениҳоят кам мебошад. Ҳар як ваҷаб замин баробари арзиши мумкин тилло бошад. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроия ба судҳо аз ҳама бештар бо масъалаи баҳси замин муроҷиат мекунанд. Муроҷиатҳои ба мақомоти прокуратура воридшударо агар ба шумора тақсим кунем баҳсҳои замин ва истифодабарии он дар ҷойи аввал аст. Лекин ин маънии онро надорад, ки дар ин самт қонун риоя намешавад».

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий