Прокуратура аз 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо норозист

Прокуратураи вилояти Суғд ба 194 қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят вобаста ба қонунгузории замин, меъёрҳои шаҳрсозӣ, додани замин эътироз овардааст. Ҳабибуло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ гуфт, аз ин 194 қарор 60 ададаш вобаста ба сохтмон буда қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳоро бекор кардаанд. Прокурор аз ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини мақомотҳои ваколатдор нигаронӣ кард. “Мӯҳлати қонунии санҷиш як моҳ аст, аммо то 6 моҳ ҳам ба муроҷиати шаҳрванд мақомоти ваколатдор ҷавоб намедиҳад.”  Прокуратураи вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 185 нафар шахсони масъули мақомотҳои давлатиро дар асоси ҳамин қонун ба ҷавобгарии маъмуриву интизомӣ ҷалб кардааст. Нисбати ҳашт нафар раисони ҷамоату, котиби ҷамоат, муҳандис-заминсоз парвандаи ҷиноятӣ боз шуда онҳо бо ҳукми суд маҳкум шудаанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий