Пошхӯрии оилаи ҷавон баъди дарёфти гепатити С

Як оилаи ҷавон дар вилояти Суғд ҳамагӣ баъди якуним соли зиндагӣ дар пайи гирифтор шудани ҷавонзан ба бемории гепатити С аз ҳам пош хӯрд. Ҷавонзани 20 сола дар сӯҳбат ба СМ-1 гуфт, ки оилаи онҳоро дар маҳал ҳамчун оилаи намунавӣ ном мебурданд. Аммо вируси гепатит анҷоми хушбахтии оилаи ин ҷавон шудааст. Мусоҳиби мо нахост номаш расонаӣ шавад ва аз ин рӯ танҳо қиссаи дучоршавӣ ба гепатити С ва ҳам зиндагияшро нақл кард. «Тирамоҳи соли 2016 аз лабаратория хабар расид, ки ман ба бемории гепатити С дучор шудаам. Ин хабар дар ҳаёти оилавиям таъсири бисёр манфӣ расонид. Мо оилаи хушбахт ба ҳисоб мерафтем, аммо аҳли оилаамон аз беморям хабар ёфта нахостанд, ки мо якҷоя зиндагӣ кунем. Ҳар гуна овозаҳо паҳн шуд, ки ин бемории сироятӣ аст ва ҳангоми оиладорӣ ба ҳам мегузарад. Аммо духтурон мегӯянд, ин бемории сироятӣ нест ва намегузарад. Гепатити С-ро замоне эҳсос кардам, ки ҳомиладор будам ва баъди таваллуди тифл оилаи мо аз ҳам пош хӯрд.» Акнун ҳашт моҳ аст, ки ин зан дар хонаи волидонаш бо як кӯдаки 1 солааш дар танҳоӣ зиндагӣ мекунад. Бино ба иттилои Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Суғд соли ҷорӣ дар ин вилоят дар ҷисми 35 нафар бемории гепатити С ва В дарёфт шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий