Пошхӯрии 4040 оила дар Суғд, «124 оила ба ҳам хиёнат кардаанд»

Соли гузашта дар вилояти Суғд 4040 оила аз ҳам пош хӯрдааст, ки ин шумора назар ба соли 2016-373 ҳолат зиёд аст. Яке аз сабабҳои аслии ҷудошавии оилаҳо «мувофиқ намомадани хислатҳо» гуфта мешавад, ки 1392 оила бо ҳамин сабаб аз ҳам пош хӯрдааст. Инчунин дар натиҷаи хиёнати яке аз ҷонибҳо 124 оила аз ҳам пош хӯрдааст. Дар ин бора Муқаддама Ҳошимзода, сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод. Ӯ гуфт, пошхӯрии оилаҳо асосан байни ҷавонон то синни 30 сол зиёд шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий