Пайрави равияи мамнӯи «Салафия» зиндонӣ шуд

Як сокини 36 солаи шаҳри Хуҷанд бо ҷурми пайравӣ ва таблиғи ақидаҳои равияи дар Тоҷикистон мамнӯи «Салафия» равонаи зиндон шуд. Суди шаҳри Хуҷанд, Илҳомҷон Ориповро дар содир кардани ҷиноят бо қисми 2-и моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба мӯҳлати се солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар калонияҳои дорои низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Эраҷ Ализода, раисикунандаи парванда ба СМ-1 гуфт, ки Орипов соли 2013 гумроҳ шуда то ба соли 2015 ба таблиғи ақидаҳои равияи экстримистии мамнӯи «Салафия» ва ҷалбӣ ҳамсинфонаш ба он машғул шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий