Ормон: Боз як кӯдак аз бемории нуқсони модарзодии дил раҳо ёфт!

Ин навбат гурӯҳи кории телевизиони СМ-1 дар шаҳри Исфара қарор дорад. Арзи навбатӣ ба унвони барномаи Ормон аз деьаи Арабқишлоқи ҷамоати Хонобод ворид гашт. Фарангис Умарқулова — духтарчаи 14 сола, ки дар оила ягона фарзанд аст, модарзод аз бемории нуқсони дил азият мекашад. Ҳоло ьамроҳи модаркалонаш дар ҳавлие ки аз 1,5 сотих замин иборат аст, зиндагӣ мекунад. Бемориаш хурӯҷ дорад, вале хонаводааш, ки дар рӯйхати оилаиҳои камбизоати деҳа меистанд, барои жарроҳии дил ҳоло имконияти молӣ надорад.

Маҳз дар ҳамдастиву хамкорӣ бо шумоён бинандагони гиромӣ, мо тавонистем орзуву ормони якчанд нафарони ниёзмандро то ин муддат амалӣ гардонем. Дар пеш боз бисёр амалҳои некро ҳамроҳ анҷом хоҳем дод. Чун ҳамешагӣ ба раыами кӯтоҳи 1519 занг занед ва пайгири барномаи Ормон бошед!

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий