Ормон аз шифоёбии боз 4 нафар кӯдак нақл мекунад

Дар чаҳорчӯбаи барномаи хайриявии «Ормон» боз чор кӯдаки маъсум аз бемории худ шифо ёфтанд. Фараҳмади 1 сола аз шаҳри Исфара, Умарҷони 9 сола аз шаҳри Конибодом, Ҷавоҳири 11 сола аз ноҳияи Спитамен ва Хушрӯзи 12 сола аз ноҳияи Деваштич дар Маркази бемориҳои дил бомуваффақият ҷарроҳӣ гаштанд. Волидайни кӯдакон ба табибон ва кулли мардуми саховатпешаи диёр барои кӯмаку дастгирӣ сипосмандӣ изҳор менамоянд. Навори зер дар ин бора муфассал нақл мекунад:

Муштариёни ширкати мобилии Tcell, Вавилон-мобайл, ZET-мобайл ва МегаФон Тоҷикистон, чун ҳамешагӣ ба рақами кӯтоҳи 1519 занг занед ва дар ҷамъоварии маблағи зарурӣ барои кӯдакони бемор кӯмак намоед.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий