Ормон аз қисмати 5 нафар кӯдаки шифоёфта

Бо кӯмаку дастгирии холисонаи мардум дар чаҳорчӯбаи барномаи хайриявии Ормон боз 5 нафар кӯдаки бемор: Хуршедзода Саидҷалол аз ноҳияи Деваштич, Асал Эргашева аз шаҳри Истаравшан, Юзорсиф Мӯминов аз ноҳияи Зафаробод, Ғолибҷон Холматов аз шаҳри Хуҷанд ва Ҷӯлиева Меҳрона аз ноҳияи Ҷ.Расулов шифо ёфтанд. Муфассал дар ин бора аз навори зер тамошо кунед.

Соли 2019 барои пурра шифо ёфтани Асал Эргашева боз як марҳилаи ҷарроҳии кушоди дил тавсия гаштааст. Арзиши хароҷоти ҷарроҳи 26000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз аксияи хайриявӣ ба номи Асал Эргашева давом дорад. Муштариёни ширкати мобилии Tcell ва Beeline Тоҷикистон, чун ҳамешагӣ ба рақами кӯтоҳи 1519 занг занед ва дар ҷамъоварии маблағи зарурӣ кӯмак намоед.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий