Оилаи Пӯлотовҳо: Дар харидории ангишт ба мо кӯмак кунед

Оилаи Пӯлотовҳо дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз саховатманону аҳолӣ кӯмак хостанд то ба онҳо дар харидории 1,5 тонна ангиш дасти ёрӣ дароз кунанд. Муқаддас Пӯлотова аз оғози фасли сармо дар ташвиш мондааст ва мегӯяд, намедонад чи тавр аъзои 5 нафараи оилаашро то ба фасли гармо расонад. «Шавҳарам рӯзона мардикорӣ мекунад ва ҳоло корашон хуб нест. Ба мо ангишт лоизим аст, агар имкон бошад кӯмак кунед. Аз моҳи декабр то ба март мо бояд фасли сарморо паси сар кунем ва фарзандонам дар сармо намонанд.»
Шавҳари Муқаддас, Мирзотурсун Пӯлотов дар яке аз бозорҳои Суғд боркашӣ мекунад. Оилаи онҳо аз панҷ нафар, иборат буда заҳмати якрӯзинаи Мирзотурсун танҳо барои ҳурду хӯроки онҳо басанда будаасту халос. Ба ҷузъ ин як фарзанди оила бо нуқсон таваллуд шуда зери назорати духтурон қарор дорад ва ҳар гоҳ ӯро ба табобат ҷалб мекараанд, ки ба шифоёбии ӯ низ маблағи зиёд сарф мешудааст. Муқаддас Пӯлотова гуфт, ки ҳангоми хунук шудани ҳарорати ҳаво фишари духтарчаи хурдсолаш боло меравад.
«Духтари ман модарзод аст ва панҷаҳои як дасташ нестанд. Ба ҷузъ ин бемори фишорбаландӣ дорад. Хунук нахӯрад гуфта истодаям.»
Ҳоло оилаи Пӯлотовҳо шохаи дарахтони рӯи ҳавлиро ба оташдону, танӯр ва ҳам печкаи бобоӣ истифода мебаранд, ки он ҳам дар ҳоли анҷомёбист. Ба ҷузъ ин захираи ҳезум ҳам барои гарм нигоҳ доштани хона басанда набудаааст. Оилаи Пӯлотовҳо дар кӯчаи Абдуваҳҳоб Қодиров-139, деҳаи Рӯмон, ҷамоати Ҳайдар Усмон зиндагӣ мекунанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий