Огаҳӣ: Роҳҳо якбанду туман мешавад

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз яхбандии роҳҳо, афтиши барф ва фаромадани туман аҳолиро огаҳ кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод аз санаи 31-уми январ то 2-уми феврал дар шоҳроҳҳои автомобилгард яхбандӣ, афтиши барф дар назар буда, чаронидан ва нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳо душвор мегардад. Сардӣ инчунин ба фаъолияти соҳаҳои алоқа ва энергетика, хизматрасонии коммуналӣ бетаъсир набудааст. Пешгӯӣ карда мешавад, ки санаҳои 1 ва 2-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада қобилияти биниш дар роҳҳоро паст мегардонад. Аз ин рӯ Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ намоянд, дар сурати зарурӣ  мошинҳои худро бо таҷҳизоти мутобиқ ба шароитҳои бориши барф таъмин созанд, пеш аз сафар автомошинаи худро аз ташхис гузаронанд, занҷирпеч намоянд, бо худ занҷирҳои эҳтиётӣ бигиранд, ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо фосилаи ҳаракати мошинҳоро риоя кунанд. «Бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии аҳолӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар километри 62-юм постгоҳи навбатдорӣ ташкил карда шудааст, ҳангоми зарурат метавонед муроҷиат намоянд».

Агар Шумо шоҳиди ҳолати нохуш ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, метавонед ба рақами (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 дар тамос шавед.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий