Офарандаи нақшҳои Сино ва Рӯдакӣ аз олам гузашт

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, актёри кино офарандаи нақши Синову Рӯдаки Марат Орифов дар сини 84 солагӣ аз олам гузашт. Ӯ пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 29 октябр дар Душанбе вафот намуд. Охирин нақше, ки Марат Орифов бозидааст, дар филми «Муаллим» аст. Барои ин нақш ӯ ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона»-и Кинофестивали байналмилалии «Фаҷр» дар Эронро соҳиб гардид.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий