Назира Ғаффорӣ: Рӯзноманигорони ҷавон аз камии маош ба идораи нашрия намераванд

Ҳафтаномаҳои маҳаллии «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент ва «Зарбдор»-и Зафаробод ниёз ба рӯзноманигорони ҷавонро дорад. Дар ин бора имрӯз, 9-уми март зимни чорабине бахшида ба «Рӯзи матбуоти тоҷик» Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар ҳузури тахмин 100 журналист иттилоъ дод. Ӯ гуфт «бо сабаби кам будани маош рӯзноманигорони ҷавон ба идораи нашрия намераванд». Ҳафтаномаи мақомоти маҳаллии шаҳри Панҷакент моҳе ду маротиба бо теъдоди 3400 нусха ва ҳафтаномаи «Зарбдор»-и ноҳияи Зафаробод ҳафтае чаҳор маротиба бо теъдоди 1800 нусха чоп мешавад. Аммо бино ба гуфти Назира Ғаффорӣ дар ин ҳафтаномаҳо асосан собиқадорони соҳа кор мекунанд ва ниёз ба мутахассисони ҷавон ба миён омадааст. «Дар ноҳияи Зафаробод ҳафтаномаи «Зарбдор» ҳафтае чаҳор маротиба бо теъдодӣ 1800 нусха чоп мешавад. Боиси таассуф аст, ки аз норасоии мутахассисон дар ҳафтанома 3 нафар кӯҳансолон кор мекунанд. Инҷо ҳам бо сабаби кам будани музди меҳнат ва муҳайё набудани шароити мусоид кадрҳои ҷавон, ки мактабҳои олиро хатм менамоянд фаъолият намебаранд».
 Дар баробари ёдоварӣ аз мушкилиҳои мавҷудаи расонаҳои чопӣ инчунин Назира Ғаффорӣ аз бурду бохти ВАО ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт кормандони ВАО дар инъикоси дастовардҳои замони истиқлоли Тоҷикистон хизмати басо назаррас кардаанд. Дар як вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳа сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД-и вилояти Суғд тақдим гардид.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий