Нахустин пурсиш оид ба кори милитсия дар Суғд анҷом ёфт

Як пурсиши иҷтимоӣ дақиқ сохт, ки 70 дарсади сокинони вилояти Суғд гуфтаанд «ба мақомоти милитсия эътимоди зиёд доранд.» Ин пурсиш байни 523 нафар дар нӯҳ шаҳру ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» бори нахуст гузаронида шуд. 49 дарсади пурсидашудагон кори мақомоти милитсияро хуб арзёбӣ карда, 8 дарсад «баъд», 35 дарсад ба кори милитсия баҳо дода натавонистаанд ва 8 дарсади дигар умуман ҷавоб надоданд. Барои пурсиши иҷтимоӣ оида ба бехатарии ҷомеа ва хизматрасонии милитсия дар доираи барнома сафорати Амрико дар Тоҷикистон 10 ҳазор доллар ҷудо намудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий