Навраси тоҷик аз Миср шоҳҷоиза овард

Дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб доир шуд як навраси тоҷик соҳиби шоҳҷоиза шуд. Ин олимпиада рӯзи 7-уми март бо иштироки 300 арифметикони навраси 5-14 сола аз 9 кишвари дунё доир гардид. Тоҷикистонро нӯҳ нафар наврас дар олимпиада муаррифӣ карда як нафар бо шоҳҷоиза ва ду нафари дигар бо касби ҷойи якум ба Ватан баргаштанд. Инҳо аз Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагорка» дар шаҳри Хуҷанд буда дар фурсати 30 дақиқа 210 мисолҳои арифметикиро беғалат ҳал кардаанд, ки хурдтаринашон 9 сол дорад. Боқимонда иштирокчиён ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Мафтуна Муродалиева, ки соҳиби шоҳҷоиза ва Гран-прии Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ шудааст мегӯяд, ҳоло дар ҳисоби мисолҳои арифметикӣ аз дигар ҳамсолонаш бамаротиб пеш рафтааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий