Нақши ҷамоатҳои маҳаллӣ дар самти пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон

Мавзуи навбатии барномаи “Таваҷҷуҳ”  “Нақши ҷамоатҳои маҳаллӣ дар самти пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон” буд.

Самти барномаи мо пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон ва нигоҳдошти субот дар ҷомеа аст. Муқовимат ба экстремизму терроризм кори дастаҷамъона аст. Агар вазъиятро бо се-чор соли пешин муқоиса кунем, дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ифротиву тундгаро корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, аммо боз корҳои зиёди дигаре боқӣ мондааст, ки мо дар ҳамдастӣ бо тамоми мақомоту ниҳодҳои давлатӣ онро амалӣ намоем. Дар барнома аз мақоми ҷамоатҳои маҳаллӣ дар роҳи мубориза бо экстремизму терроризм сухан рафтааст. Дар ин самт чӣ корҳо иҷро шуданд ва кадом мушкилот ҷой дорад? Ин аз масъалаҳое мебошад, ки мо дар ин барнома матраҳ намудем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.