Нақшаҳо

Нақшаҳои СМ-1 барои фардо
Дар мавриди нақшаҳои минбаъда ҳаминро гуфтанием, ки мо пеш аз ҳама барои он фаъолият дорем, то тамошобин дошта бошем. Барои телевизионҳои ҷамъиятӣ тамошобин доштан ин зиндагӣ кардан аст. Нияти мо ҳам ҳамин аст, ки барномаҳоямонро тарзе таҳия намоем, ки ба мардум наздик бошад ва ҳам ба манфиати ҷомеа бошад. Имрӯз мавқеи ВАО ба хусус ВАО-и электронӣ чун яке аз институтҳои созандаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар пешбурди маънавиёти ҷомеа хеле назаррас аст. Ба  мазмуни дигар ВАО имрӯз вазифаи кӯпрукеро иҷро мекунанд, байни ҳукумат ва халқ. То кадом андоза ин кӯпрук устувор ва боэътимод аст, то кадом андоза ба манфиати ҷомеа ва рушди он хидмат мекунад, аз маҳорат ва кордонии ҳар як нафар аз аҳли эҷоди ин соҳа вобаста аст. Имрӯз мо мекӯшем то коре кунем, ки давлат ва ҷомеа аз он мафиат бинад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.