Нафақахӯрони вилояти Суғд 5194 нафар зиёд шудаанд

Соли гузашта дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд норасогӣ нисбат ба талаботи нафақа ба миён омадааст. Ба ҷузъ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва Мастчоҳ  дигар шаҳру навоҳӣ норасогӣ нисбат ба талаботи нафақа ба миён омадааст. Бахтиёр Эҳсонзода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ин мушкил дар пайи таъмин нашудани андози иҷтимоӣ пеш омадааст. «Нӯҳ шаҳру ноҳия нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоиро иҷро накарданд. Вақте, ки нақша иҷро нашуд дар пардохти саривақтии нафақа мушкилӣ пеш меояд». Талаботи маблағи пардохти нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар соли гузашта дар вилояти Суғд ба 680,9 миллион сомонӣ расид, ки назар ба соли 2016-78,3 миллион сомони зиёд мебошад. Андози миёнаи нафақа дар вилоят ба 259  сомонӣ баробар аст. Феълан дар вилояти Суғд 214 ҳазору 398 нафар нафақагирон умр ба сар мебаранд, ки ин шумора назар ба соли 2016-5 ҳазору 194 нафар зиёд аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий