Нафақахӯр: «Дилам мехоҳад асбоби мусиқӣ созам»

Як нафар созандаи асбобҳои мусиқӣ мегӯяд, 47 соли умрашро барои рушди санъати миллии тоҷик бахшидааст. Абдуғаффор Абдусамадов бо сохтани даҳҳо асбоби мусиқии халқӣ тасмим дорад фазои санъати тоҷикро бо ин ҳунараш гарм нигоҳ дорад. «Ман ҳоло нафақахӯр ҳастам, дилам мехоҳад, ки боз ҳамин асбоби мусиқӣ созам, навозам. Санъаткорон ҳастанд, меоянд ва месароянд лаззат мебарам.»

Абдуғаффори 67 сола тасмим гирифтааст, ки сохтани рубобу, дутор, ғиҷҷак, танбӯр, таблак, думбура ва найро ба наврасон омӯзонад. Соли 2016 барои заҳматҳояш ба ин ҳунарманд унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро доданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий