Наҷотдиҳанда: Одамонро дар китф то ба 1 км бурдем

Наҷотдиҳандае мегӯяд, ӯ дар китфонаш чандин нафар занони солмандро аз зери тарма ба ҷойи бехавф бурдааст. Меҳрубон Маъмурзода, наҷотдиҳандаи гурӯҳи дуюми дастаи махсуси зудамали Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании вилояти Суғд чанд рӯз пештар аз роҳи Душанбе-Хуҷанд баргашт. Ӯ мегӯяд пеш аз нақби «Истиқлол» ва баъд аз он ҳафтаи ҷорӣ беш аз 80 тарма рехт. Дар пайи резиши тарма тақрибан 80 нафар мусофирону рондагон дар роҳ дармонданд. Бино ба гуфти наҷотдиҳанда шумораи мусофирон, ки дар байни онҳо кӯдакону занон ва солмандон ҳам буданд аз тармафароӣ ба ваҳм омада буданд. Наҷотдиҳандагон тӯли чанд рӯз тавонистаанд дар тарма дармондагонро ба китфонашон гирифта аз ҷойи хатарнок то ба 1 километр ҷои амн интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз ҳам ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд аст ва поккории тармаҳо идома дорад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий