Музаффар ба «Давлати Исломӣ» пайваста роҳ ба Сурия боздош ва беш аз 12 сол ҳукм гирифт

Суди шаҳри Истиқлол як ҷавони ӯзбекзабони ин шаҳрро бо ҷурми   қасди иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия ва пайравӣ ба ташкилотити дар Тоҷикистон мамнӯи экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд. Ҳукми айбдоршаванда дар суди шаҳри Хуҷанд хонда шуд ва Сомониддин Муслибиддинзода, судяи суди шаҳри Истиқлол аз судшаванда  Музаффар Ходжабаев ном бурд. Судя ба телевизиони СМ-1 иттилоъ дод, ки ин ҷавонро санаи 12-уми апрели соли 2017 мақомоти интизомии Истамбули Туркия бо ҳамсару ду фарзанди ноболиғаш боздошту ба Тоҷикистон интиқол дода буд. Сомониддин Муслибиддинзода, судяи суди шаҳри Истиқлол ҳангоми хондани ҳукм гуфт: «Оғози моҳи апрели соли 2017 Ходжабоев бо супориши як аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳамсараш Ходжабоева Ю.М ва фарзандонашро гирифта, тариқи автомашинаи кироякаш ба автовокзали шаҳри Истамбул рафта, аз он ҷо ба самти шаҳри Ҳотай, ки дар наздикии сарҳади Туркия ва Сурия аст рафтаанд. Бинобар назорати сарҳади давлатӣ пурзӯр будан ва пайдо накардани имконияти вуруди ҳудуди Сурия ин аъзои оила ба шаҳри Истамбул бозпас гашта баъдан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт шудаанд». Бино ба нишондоди судя Музаффар Ходжабаев тариқи месенҷери «WhatsApp» фирефтаи аъзои ташкилоти ба ном «Давлати Исломӣ» шудааст. Ҳамакнун ин ҷавон ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт адо мекунад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий